ﺷﺮﺍﺭ ﻧﻮﺭﺑﺎﺭﺕ ﺗﺎ ﺍﺑﺪ ﺍﻓﺮﻭﺧﺘﻦ ﺩﺍﺭﺩ
ﻫﺰﺍﺭﺍﻥ ﺩﻝ، ﺍﺯ ﻫﺠﺮ ﻭﺻﺎﻟﺖ ﺳﻮﺧﺘﻦ ﺩﺍﺭﺩ
ﺯ ﺫﻭﻕ ﻗﺎﻣﺖ ﺳﺮﻭ ﻗﺸﻨﮓ ﺣﺴﻦ ﺁﺭﺍﯾﺖ،
ﻃﺒﯿﻌﺖ ﺑﺎ ﺷﻤﯿﻢ ﻋﻄﺮ ﮔﻞ ﺁﻣﯿﺨﺘﻦ ﺩﺍﺭﺩ
ﺷﮑﺮ ﺧﻨﺪﯼ ﻧﻤﻮﺩﯼ ﺍﺯ ﺻﻤﯿﻢ ﺩﻝ ﯾﮏ ﺑﺎﺭﯼ
ﻋﺴﻞ ﺍﺯ ﺧﻨﺪﻩ ﻟﻌﻞ ﻟﺒﺎﻧﺖ ﺭﯾﺨﺘﻦ ﺩﺍﺭﺩ
ﺷﻔﻖ ﭼﻮﻥ ﺑﺷﻨﻮﯾﺪ ﺁﻭﺍﺯﻩ ﺣﺴﻦ ﻭ ﺟﻤﺎﻟﺖ ﺭﺍ
ﻟﻮﺍﯼ ﭘﺮﺗﻮی ﺯﻟﻒ ﺗﻮ ﺭﺍ ﺍﻓﺮﺍﺧﺘﻦ ﺩﺍﺭﺩ
ﺷﻘﺎﯾﻖ ﺷﺪ ﻣﻌﻄﺮ ﺍﺯ ﺑﻬﺎﺭ ﺣﺴﻦ ﺯﯾﺒﺎﯾﺖ
ﺑﻬﺎﯼ ﻋﻨﺒﺮ ﻣﺸﮏ ﺗﻮ ﺭﺍ ﭘﺮﺩﺍﺧﺘﻦ ﺩﺍﺭﺩ
ﯾﻘﯿﻦ ﺩﺍﻧﻢ ﮐﺴﯽ ﻣﺸﺘﺎﻕ ﻃﺎﻕ ﺍﺑﺮﻭﺍﻥ ﺗﻮﺳﺖ
ﺯ ﺗﯿﻎ ﺍﺑﺮﻭﺍﻧﺖ ﺟﺎﻥ ﺧﻮﺩ ﺭﺍ ﺑﺎﺧﺘﻦ ﺩﺍﺭﺩ
ﺍﻋﻼ ﻋﻤﺮﺯﺍﺩ
ـ
Шарори нурборат то абад афрӯхтан дорад,
Ҳазорон дил аз ҳаҷри висолат сӯхтан дорад.
Зи завқи қомати сарви қашанги ҳуснороят,
Табиат бо шамими атри гул омехтан дорад.
Шакарханде намудӣ аз самими дил як боре,
Асал аз хандаи лаъли лабонат рехтан дорад.
Шафақ чун бишнавид овозаи ҳусну ҷамолатро,
Ливои партави зулфи туро афрохтан дорад.
Шақоиқ шуд муаттар аз баҳори ҳусни зебоят,
Баҳои анбари мушки туро пардохтан дорад.
Яқин донам,касе муштоқи тоқи абрувони туст,
Зи теғи абрувонат ҷони худро бохтан дорад.
Аъло Умарзод